Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мудохилаи Ғарб дар Сурия боиси "зилзила" хоҳад шуд"


Башшор Асад ҳушдор додааст, ки агар Ғарб дар Сурия мудохила кунанд, як "зилзила" дар Ховари Миёна барпо хоҳад шуд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Сурия, дар ин сурат Сурия ба як Афғонистони дигар мубаддал хоҳад хоҳад гардид.

Раиси ҷумҳури Сурия дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Sunday Telegraph» гуфтааст, ки Сурия як кишвари меҳварии минтақа буда ва агар кишварҳои ғарбӣ дар Сурия мудохила кунанд як зилзиза дар минтақа хоҳад шуд.

Ӯ ин изҳоротро дар ҳоле иброз медорад, ки Сурия рӯзи ҷумъаи гузашта низ шоҳиди идомаи тазоҳурот буда ва тазоҳуркунандагон ҷиҳати ҳимояти ғайринизомиён аз иқдомоти саркӯбгаронаи давлат, хоҳони минтақаи мамнӯи парвоз аз фарози Сурия шуданд.

Башшор Асад дар ин мусоҳибаи худ мепазирад, ки нерӯҳои давлатӣ дар оғози тазоҳурот муртакиби иштибоҳоти зиёде шуданд, вале акнун ба гуфтаи вай, танҳо террористонро ҳадаф қарор медиҳанд.

Ӯ мегӯяд: «Шумори нерӯҳои пулиси мо кам аст ва мо фақат артишро дорем, ки барои муқобила бо шабакаи Ал-Қоида омӯзиш дидааст.»

Башшор Асад дар ин мусоҳибаи худ бо хабарнигори рӯзномаи «Sunday Telegraph» гуфт: «Агар шумо артиши худро ба хиёбонҳо бифиристед, айни чиз сурат хоҳад гирифт. Акнун мо танҳо дар баробари шабакаи Ал-Қоида меҷангем, бинобар ҳамин бархӯрди мо хеле коҳиш ёфтааст.»

Мухолифони Башшор Асад ва Созмони ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳадди ақал чиҳил нафар ба шумули 17 сарбози ҷудошуда аз артиш дар бархӯрдҳои рӯзи ҷумъа бо нерӯҳои давлатӣ кушта шуданд.

Башшор Асад мегӯяд, ҳукумати вай нисбат ба дигар кишварҳои арабӣ як роҳу равиши мутафовит дар баробари қиёмҳои «баҳори араб» ихтиёр кардааст. Ҷаноби Асад мегӯяд, шаш рӯз баъд аз оғози тазоҳурот ӯ ислоҳоти сиёсиро эълон кардааст.

Кишварҳои Иттиҳодияи Араб дар паёми ахири худ ба режими Сурия, аз идомаи куштори ғайри низомиён ибрози нигаронӣ карданд, вале Димишқ дар интиқоди худ гуфт, ки ин паём бар асоси дурӯғ таҳия шудааст.
XS
SM
MD
LG