Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамлае дар Кобул ду бритониёвӣ ҳам кушта шудаанд


Миёни 17 нафаре, ки рӯзи шанбе бар асари ҳамлаи маргталабона дар автобус бо низомиёни НАТО дар Кобул кушта шудаанд, ду шаҳрванди Бритониё ҳам буданд.

Ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Бритониё, онҳо тибқи қарордод дар Афғонистон дар як ширкати сохтмонӣ кор мекарданд. Дар маҷмӯъ бар асари ҳамлаи маргталабона дар пойтахти Афғонистон ҳашт мутахассиси мулкӣ ба ҳалокат расиданд ва қаблан хабар дода мешуд, ки ҳамаи онҳо амрикоиянд.

Дар ин ҳамла ҳамчунин панҷ низомии НАТО – чаҳор амрикоӣ ва як канадагӣ ва чаҳор сокини осоиштаи Афғонистон ҳам ҷон бохтанд.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт. Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё гуфт, ки ин гуна ҳамлаҳо нақшаҳои Эътилофи байнулмилалӣ барои эътидоли авзоъ дар Афғонистонро халалдор нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG