Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳу Ҷинтао вориди Австрия шуд


Ҳу Ҷинтао, раиси Ҷумҳурии халқии Чин, қабл аз ширкат дар нишасти раҳбарони 20 кишвари пешрафтаи олам, шоми дирӯз бо як сафари давлатӣ вориди Австрия шуд.

Ҳафтаи гузашта раҳбарони кишварҳои “минтақаи евро” аз Чин даъват намуданд, ки дар ташаккули Бунёди аврупоии эътидоли молиявӣ ширкат кунад. Раиси ин Бунёд Клаус Реглинг чанд рӯз пеш дар Пекин дар мавриди аз сӯи чиноиҳо ҷудо шудани 100 миллиард доллар барои рафъи бӯҳрони молиявӣ дар “минтақаи евро” бо мақомоти Чин музокирот анҷом дод.

Пекин рӯзи панҷшанбе аз аз созиши кишварҳои “минтақаи евро” оид ба бурунрафт аз бӯҳрон истиқбол намуд ва аммо аз изҳороти расмӣ дар мавриди ширкаташ дар ҳалли мушкилоти кишварҳои аврупоӣ худдорӣ кард.

Нишасти раҳбарони 20 кишвари пешрафтаи олам рӯзи 3 ноябр дар шаҳри Канни Фаронса шурӯъ мешавад ва ду рӯз идома мекунад.
XS
SM
MD
LG