Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Qantas парвозҳоро аз сар мегирад


Додгоҳи мустақил оид ба баҳсҳои кории Австралия аз иттиҳодияҳои коргарӣ ва раҳбарони ширкати ҳавопаймоии Qantas хост, ки роҳи ҳалли ҳарчӣ зудтари муноқишаро пайдо кунанд. Бар асари коршикании кормандони ширкати ҳавопаймоӣ садҳо парвоз ба беш аз 20 кишвар лағв карда шуданд.

Додгоҳ иттиҳодияҳои коргариро вазифадор намуд, ки сари мизи музокирот баргардад ва тайи се ҳафтаи оянда ҳама мушкилоташро бо раҳбарони ширкати Qantas ҳаллу фасл кунад. Қарор аст, ки соатҳои наздик парвози ҳавопаймоҳои ширкат аз сар гирифта шавад.

Коршикании кормандони Qantas, ки алайҳи паёмадҳои бозсозии ширкат эътироз мекунанд, рӯзи шанбе оғоз шуд. Бар асари коршиканӣ тақрибан 70 ҳазор мусофирон аз парвоз маҳрум монданд.

Нахуствазири Австралия Ҷулия Гиллард ҳушдор дод, ки идомаи муноқиша метавонад ба иқтисоди кишвари хисороти ҷиддӣ ворид кунад.
XS
SM
MD
LG