Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи Муборак барои ду моҳ ба таъхир уфтод


Мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак баъд аз 28 декабри соли равон аз сар гирифта мешавад.

Дар ин бора дар ҷараёни бозрасии ахир, ки дар он ҳамроҳ бо Ҳусни Муборак ду писараш, вазири пешини умури дохилӣ ва шаш афсари воломақоми полис ширкат доштанд, тасмим гирифта шуд.

Танаффуси тулонӣ бо он омил бастагӣ дорад, ки вакилони дифоъи Муборак хостори иваз кардани раиси мурофиа Аҳмад Рифъат шудаанд.

Раҳбари пешини Миср дар даст доштан дар куштори беш аз 800 намоишгар дар ҷараёни эътирозҳои густурда дар кишвар ва айбдор мешавад. Дар сурати тайид шудани иттиҳом ба ӯ ҳукми эъдом таҳдид мекунад.

Ҳусни Муборак ва писаронаш ҳамчунин дар фасод муттаҳам шудаанд.
XS
SM
MD
LG