Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар интихоботи Қирғизистон Отамбоев пешсаф аст


Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон баъди баршумурдани 96 дар сади оро Алмосбек Отамбоев пешсаф аст.

Бар пояи иттилоъи пешакӣ, аз Отамбоев, ки то як моҳи пеш нахуствазири Қирғизистон буд, каме бештар аз 63 дар сади раъйдиҳандагон пуштибонӣ кардаанд.

Шоми дирӯз шаш довталаби курсии президентӣ аз аҳзоби мухолифи ҳукумат аз қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар ҷараёни раъйдиҳӣ шикоят кардаанд. Раиси пешини парлумони Қирғизистон Адахон Мадумаров изҳор намуд, ки мақомот бо ҳар роҳу васила аз номзадии Отамбоев пуштибонӣ мекарданд.

Дар интихоботи президентии Қирғизистон 16 нафар барои мақоми олӣ дар кишвар бо ҳам сабқат карданд.
XS
SM
MD
LG