Пайвандҳои дастрасӣ

Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки имрӯз ҳавои шаҳри Душанбе абриву боронӣ хоҳад буд ва аз 8 то 12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам борон меборад, аз 8 то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво нимаабрист, каму беш борон меборад, ҳарорати ҳаво то 16 дараҷа болои сифр қарор мегирад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳам абриву боронист, рӯзона то 5 ва шомгоҳон 3 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва водии Ҳисор ҳам борон меборад, бар баъзе мавзеъҳо 11 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG