Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе натиҷаҳои пешакии интихоботи Қирғизистон


Кумиссиёни марказии интихоботи Қирғизистон натиҷаҳои пешакии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз 33 қитъаи интихоботиро эълом кард, ки бар асоси ин натиҷаҳо Алмосбек Отамбоев, нахуствазири феълӣ пешсаф аст. Ӯ аз аз ин қитъаҳо раъйи тақрибан 75 дар сади мардумро ба даст овардааст. Баъди ӯ Қамчибек Тошиев, вазири собиқи ҳолатҳои фавқуллода меояд, ки тақрибан 13 сади ороро соҳиб шудааст. Номзади дигари аслӣ Адахон Мадумаров, бештар аз 7 дар сади ороро ба даст овардааст. Дар Қирғизистон раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ соати 7 хотима ёфт, ки баъди барканории Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқ дар соли гузашта, нахустин интихоботи президентӣ аст. Ба гуфтаи кумиссиёни интихобот, то кунун бештар аз 50 дар сади мардум дар интихобот раъй додаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳеҷ яке аз номзадҳо 50 дар сади орои лозим барои пирӯзӣ дар даври аввалро ба даст намеоранд ва интихобот ба даври дуввум мекашад.
XS
SM
MD
LG