Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия теъдоди қурбониёни зилзила афзудааст


Дар Туркия теъдоди қурбониёни заминларзаи вайронгари ҳафтаи гузашта ба 596 нафар расидааст ва маъмурони наҷот ҳам ҷустӯҷуи бозмондагонро хотима додаанд. Ба гуфтаи мақомот, акнун бояд ба масъалаи кӯмак ба ҳазорон хонаводаи бехонумоншуда таваҷҷӯҳ кард. Дар шаҳри Эрсис дар ҷанубушарқи Туркия ва маркази заминларза баъзе аз фурӯшгоҳҳо боз шудаанд ва интиқоли нерӯи барқ ба баъзе аз гӯшаҳои он аз сар гирифта шуд. Заминларзаи 7,3 дараҷаӣ, рӯзи 23 октябр вилояти Ванро вайрону валангор кард. Аз тарси пасларзаҳо, тақрибан 100 ҳазор сокини ин шаҳр ба хонаҳои осебдидаи худ барнагаштаанд.
XS
SM
MD
LG