Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА ҳузури низомиашро дар Халиҷи Форс тақвият медиҳад?


Ба гузориши рӯзномаи “Ню Йорк Таймс”, Амрико қасд дорад, пас аз хуруҷи нерӯҳояш аз Ироқ то охири ҳамин сол, ҳузури нерӯҳои заминиву баҳриашро дар минтақаи Халиҷи Форс тақвият диҳад. "Ню Йорк Таймс" аз қавли мақомоти расмӣ ва дипломатҳои Амрико навиштааст, ки музокирот барои идомаи ҳузури низомиёни ин кишвар дар Кувайт ва эъзоми новҳои ҷангии бештар ба Халиҷи Форс дар ҷараён аст. Рӯзнома меафзояд, ки ҳифзу тақвияти нерӯҳои Амрико дар минтақа ба манзури вокуниш ба ноамниҳои эҳтимолӣ дар Ироқ ва ё бархӯрди эҳтимолии низомӣ бо Эрон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG