Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи раъйдиҳӣ дар интихоботи Қирғизистон ва ...


Дар Қирғизистон раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад, ки баъди инқилоб ва низоъҳои хунини қавмии соли гузашта, нахустин интихоботи президентӣ аст. Қубат Қосимбеков, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, то кунун ба иттилоъи расмӣ аз миёни андаке бештар аз 3 миллион мардуми бархурдор аз ҳаққи раъй, тақрибан 20 дар сади онҳо раъй додаанд: “То соати 12 вақти маҳаллӣ, тақрибан 20 дар сади теъдоди умумии раъйдиҳандагон, дар интихобот ширкат кардаанд. Ба гуфтаи Кумиссиёни марказии интихобот, то кунун шикояте доир қонуншиканиҳои ҷиддӣ нарасидааст, вале баъзеҳо шикоят кардаанд, ки номи худро дар феҳрасти раъйдиҳандагон наёфтаанд.“ Барои расидан ба мақоми раёсати ҷумҳур 16 номзад рақобат мекунанд ва Алмосбек Отамбоев, нахуствазири собиқ, Қамчибек Тошиев, раиси Ҳизби Отаҷурт ва Адахон Мадумаров, раиси собиқи порлумон аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раиси ҷумҳур маҳсуб мешаванд. Роза Отунбоева, дипломати собиқадор ва раиси ҷумҳури феълӣ, ки қиёми мардумӣ алайҳи Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистонро дар соли 2010 раҳбарӣ кард, дар интихобот ширкат намекунад.
XS
SM
MD
LG