Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳзода Оғохони IV вориди Тоҷикистон мешавад


Шоҳзода Оғохони IV бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе, 6 июли соли 2004

Шоҳзода Оғохони IV бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе, 6 июли соли 2004

Қарор аст, шоми имрӯз Шоҳзода Оғохони IV ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шавад. Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи душанбе (31 октябр) Оғохони чаҳорум ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гузоштани санги таҳдоби як пуле, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам васл хоҳад кард, ширкат мекунанд. Дар сурати такмил, пули 162-метрӣ бо паҳнои 3,5 метрӣ ноҳияи Шӯрободро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон мепайвандад. Тарҳи мазкурро Бунёди Оғохон бо кӯмаки молии ҳукумати Олмон амалӣ хоҳад кард. Дар ҷараёни сафар ҳамчунин қарор аст, бо ҳузури Шоҳзода Оғохони IV меҳмонхонаи панҷситорадори “Душанбе-Серена”, ки сохтмонаш дар остонаи таҷлил аз бистумин солгарди итисқлоли Тоҷикистон анҷом пазируфт, ифтитоҳ шавад.
XS
SM
MD
LG