Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли чаҳор ҷангҷӯ дар як минтақаи Покистон


Дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар як минтақаи қабоилнишини Покистон чаҳор ҷангҷӯ кушта шудаанд. Мақомоти расмии Покистон гуфтанд, ҳавопаймо ба мошини ин ҷангҷӯён дар шаҳри аслии вилояти Вазиристони Шимолӣ мушак андохтааст, ки наздик ба марзи Афғонистон аст ва паноҳгоҳи аслии Ал-Қоида ва Толибон дониста мешавад. Ҷузъиёти дигаре дар бораи ҳамла дар даст нест.
XS
SM
MD
LG