Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Якуним сол баъд аз тазоҳуроти хушунатомез, ки Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистонро сарнагун кард, мардуми ин кишвар дигарбора сари сандуқҳои раъй баргаштанд, то раҳбари нави худро интихоб кунанд.

Раҳбареро, ки бояд то шаш соли дигар Қирғизистонро сарварӣ намуда ва онро аз мушкилоти фаровони ҳозирааш халос кунад.

Қубод Қосимбеков, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, то зӯҳри имрӯз (30 октябр) тақрибан 40 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд: "Бар тибқи иттилои ахир, як миллиону 104 раъйдиҳанда дар интихобот ширкат кардаанд, ки 36 дарсади теъдоди умумии раъйдиҳандагонро ташкил медиҳанд. Ёдрас мешавам, ки ин омори то соати 3-и баъд аз зуҳр аст."

Агарчӣ шикоятҳое доир ба нуқс дар феҳрасти раъйдиҳандагон расидааст ва аз фишор болои баъзе аз раъйдиҳандагон гузориш мешавад, аммо дар маҷмӯъ дар ҷараёни интихобот мушкил ва ё қонуншикании ҷиддие ба назар нарасидааст.

Алмосбек Атамбоев дар миёни тарафдоронаш...

Алмосбек Атамбоев дар миёни тарафдоронаш...

Алмосбек Отамбоев, нахуствазири 55-солаи Қирғизистон ва пешсафи интихобот гуфт, умедвор аст, дар даври аввали интихобот ба 15 рақибаш пирӯз мешавад: "Кори Худост ва ҳама чӣ ба хости ӯ хоҳад шуд. Аммо ман умедворам, дар даври аввал масъала ҳал мешавад, то мардум камтар азоб кашанд. Мебинем чӣ хоҳад шуд."

Аммо бисёриҳо чунин мешуморанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба даври дуввум хоҳад кашид ва Алмосбек Отамбоев, сиёсатмадори мӯътадили шимолӣ, ки аз ҳимояти Русияву Ғарб бархӯрдор аст, бо номзади миллатгаро аз ҷануби кишвар рақобат хоҳад кард.


Яке аз номзадҳои дигари пешсаф Адахон Мадумаров, раиси собиқи порлумон низ гуфт, мутмаин аст, ки ба даври дуввум роҳ меёбад: "Мо бояд воқеъбин бошем. На хушбин ва ё бадбин, балки воқеъбин. Иншоолоҳ, ман ба даври дуввуми интихобот роҳ меёбам."

Адахон Мадумаров

Адахон Мадумаров

Қирғизистон бо аҳолии 5 миллионнафариаш тайи чанд соли ахир дастхуши ҳамсояҳои нерӯманд дар ин гӯшаи аз назари стротежӣ муҳими ҷаҳон шуд. Пас аз ду моҳи суқути Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури пешин дар соли гузашта, дар ҷануби Қирғизистон, миёни узбакҳо ва қирғизҳо низоъ бархост, ки дар натиҷа тақрибан 500 нафар кушта шуданд. Аз ин рӯ, бисёриҳо нигарон ҳастанд, ки даври дуввуми интихобот сабаби бурузи дигарбораи низоъ ва танишҳо хоҳад шуд.

Қамчибек Тошиев, раиси Ҳизби Ота-Журт ё "Сарзамини падарон" ҳушдор додааст, ки дар сурати ба нафъи ӯ нашудани натиҷаҳои интихобот, дар ҷануби кишвар миллионҳо нафар тазоҳурот хоҳанд кард. Аз сӯи дигар, баъзе аз раъйдиҳандагон шикоят кардаанд, ки дар феҳрасти раъйдиҳандагон исми худро наёфтаанд. Аз ҷумла, 80 нафар бо чунин шикоят ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ занг задаанд.

Яке аз онҳо Қумуш Сатторова, сокини як рустои наздик ба Бишкек аст: "Мо аз рустои Оқҷар ҳастем, ки мардуми маҳалҳои гуногун дар он зиндагӣ мекунанд. Моро сабти ном карда буданд ва гуфтанд, дар қитъаи интихоботии Келечек раъй диҳем. Мо 20 нафар омадем, вале онҳо ба мо гуфтанд, ки исми Шумо дар феҳраст нест. Аз ин рӯ мо раъй дода натавонистем."

Чунин ҳодиса ҳатто бо писари раиси Роза Отунбоева, раисиҷумҳури феълӣ низ иттифоқ уфтодааст. Мақомоти интихоботӣ вуҷуди ин мушкилотро эътироф карданд, вале мегӯянд, ин камбудии ночиз аст, ки ба натиҷаҳои интихобот таъсир нахоҳад гузошт. Дар ҷануби Қирғизистон ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки узбактаборони ин минтақаро, ки аз Алмосбек Отамбоев ҳимоят мекунанд, метарсонанд, ки ба интихобот нараванд.

Аммо дар шаҳри Уш, маркази низоъҳои қавмии соли гузашта, занони узбак ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, хушҳоланд, ки раъй медиҳанд, вале интихоби худро ошкор накарданд, ки нишонае аз ҳароси онҳост: "Мо ба раҳбари хубу одил ниёз дорем. Дар кишвари мо набояд тафриқа андозанд. Мо бояд, якҷоя ва муттаҳид бошем. Танҳо дар ин сурат иқтисоди мо рушд мекунад. Қирғизистон кишвари хуб мешавад ва ҷавонони мо дар инҷо кор меёбанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG