Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини фиристодаи хоси Тоҷикистон барои Афғонистон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, яке аз раҳбарони вазорати умури хориҷаро фиристодаи хоси кишвар барои Афғонистон таъйин кардааст. Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷа аз ин пас масъулияти мазкурро низ бар ӯҳда хоҳад дошт. Вазорати умури хориҷӣ гуфт, аз он хотир, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти Афғонистони ҳамсоя нақши фаъол дорад, таъйини фиристодаи хос зарур аст. Низомиддин Зоҳидов, 54 сол дорад ва як сол пеш муовини вазири умури хориҷа таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG