Пайвандҳои дастрасӣ

Таассуф ва нигарониҳо аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул


Дар пайи таркиши як худрави пур аз маводи тарканда дар Кобул 17 тан, 13 хориҷӣ ва 4 афғон, кушта шуданд.

Фармондеҳи кулли нерӯҳои низомии Амрико ва НАТО дар Афғонистон ҳамлаи интиҳории рӯзи 29 октябр дар Кобулро, ки дар натиҷаи он 17 тан, ба шумули сарбозони хориҷӣ, кушта шуданд, маҳкум кард.

Генерал Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон гуфт, аз ҳамла бар нерӯҳои Эътилоф теъдоди зиёде аз ғайринизомиён зиён дидаанд.

Вазири умури хориҷаи Олмон ҳамчунон гуфтааст, кишвараш бо аъзои хонаводаҳо ва наздикони қурбониёни ин ҳамла худро ғамшарик медонад ва барои онҳое, ки ҷароҳат бардоштаанд, шифои оҷил мехоҳад.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар як баёния ин ҳамларо, ки масъулияташро Толибони мусаллаҳ ба дӯш гирифтаанд, маҳкум карда ва онро кори душманони сулҳу суботи Афғонистон медонад.

Шаҳри Кобул, 29 октябри соли 2011

Шаҳри Кобул, 29 октябри соли 2011


Дирӯз (29 октябр) дар Кобул як интиҳоркунанда бо мошини пур аз маводи тарканда ба корвони нерӯҳои хориҷии наздик шуда ва худро тарконд, ки дар натиҷа 17 тан бо шумули 13 хориҷӣ ва чаҳор афғон кушта шуданд.
Вазорати умури дохилаи Афғонистон мегӯяд, дар миёни чаҳор тан афғон, ки дар ин ҳамла кушта шудаанд, як пулис низ будааст.

Мақомҳои афғон маъмулан дар чунин ҳамлаҳо Покистонро масъул медонистанд. Аммо ин бор Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Поистон, ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобулро маҳкум кард.

Пас аз воқеаи суқути ҳавопаймо дар майдони Вардак, ин маргбортарин ҳодиса дар ҷараёни даҳ сол барои нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ба шумор меравад. Ҳодисаи рӯзи 29 октябр нигарониҳоеро дар робита ба раванди интиқоли масъулиятҳои амниятӣ аз нерӯҳои хориҷӣ ба нерӯҳои афғон ба миён овардааст.
XS
SM
MD
LG