Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории раисони Вахшу Ғафуров. Барои тақсими замин


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат, 29 октябри соли 2011
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳукумат, 29 октябри соли 2011

Раисони навоҳии Вахшу Бобоҷон Ғафуров барои тақсими нодурусти замин аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, Шодӣ Мӯсоев -- раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва Лутфулло Муҳиддинов -- раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бинобар қонуншиканиҳо дар тақсими замин аз мақомҳояшон сабукдӯш шудаанд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумат, ки рӯзи шанбе (29 октябр) дар Душанбе баргузор шуд, гуфтааст, дар ҳарду ноҳия мавориди зиёди тақсими ғайриқонунии замин ва сохтмонҳои худсаронаро ошкор ва дар ин замина парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст.

Оқои Раҳмон ба раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар, ки дар ин ҷаласаи ҳукумат иштирок доштанд, муроҷиат намуда ва гуфтааст, “чунин қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо тақрибан дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд.”

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ба ҳамаи раҳбарони шаҳру навоҳии кишвар дастур дода шудааст, ки вазъи истифодабарии заминро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода ва аз қонуншиканиҳо дар ин самт ҷилавгирӣ намоянд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Хуҷанд -- Содиқҷон Мирхолиқов аз мақоми худ барканор ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин шудааст. Ҳамчунин, раисони шаҳри Қайроққум, Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон низ ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳои худ сабукдӯш гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири умури хориҷӣ Низомиддин Зоҳидовро намояндаи хоси раисиҷумҳур дар умури Афғонистон таъйин кардааст, ки ҳамзамон ин ду вазифаро иҷро хоҳад кард. Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки Тоҷикистон дар ҳалли мушкили Афғонистон иштироки фаъол дорад ва хостори субот дар ин кишвари ҳамсояаш аст.
XS
SM
MD
LG