Пайвандҳои дастрасӣ

Босния ҳамла ба сафорати ИМА-ро таҳқиқ мекунад


Давлати Босния мегӯяд, ҳамроҳ бо Сербистон қазияи ҳамлаи мусаллаҳонаи як тундрави исломӣ ба сафоратхонаи Амрико дар Сараеворо таҳқиқ мекунад. Вазири амнияти Босния, Содиқ Аҳмадович ба хабарнигорон дар шаҳри Сараево гуфт, “ҳамла ба сафорати Амрико дар Сараево, ҳамлаи террористӣ буд ва Босния ва Ҳерсеговина, таҳқиқи қазияро бо мақомоти Сербистон ҳамоҳанг мекунад. Пештар аз ин Сербистон гуфт, 17 нафарро бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни тундрави ваҳҳобия дар минтақаи умдатан мусулмоннишин Санчак боздошт кардааст. Рӯзи ҷумъа як сокини ин минтақа Мавлуд Ясаревич ба сафоратхонаи Амрико дар Босния тирандозӣ кард ва дар оташи ҷавобӣ захмӣ шуд. Дар ин ҳамла касе аз кормандони сафоратхона осеб надидаанд.
XS
SM
MD
LG