Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Белорус 1100 трактор мехарад


Мақомоти расмӣ мегӯянд, Ҷумҳурии Белорус соли оянда ба Тоҷикистон 1100 трактор ворид хоҳад кард. Қарордод дар ин замина зимни сафари Александр Лукашенко ба Тоҷикистон бо арзиши 22 миллион доллар имзо шудааст. Сергей Мартинов, вазири умури хориҷии Белорус гуфтааст, ду тараф ҳамчунин тавофуқ карданд, то корхонаи муштараки тавлиди тракторҳои хурд барои кишоварзони тоҷик таъсис дода ва бозори фурӯши онро то Покистону Эрону Чин тавсиа диҳанд. Дар ҷараёни сафари серӯзаи Александр Лукашенко, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, 10 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо шуд.
XS
SM
MD
LG