Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон раисони ду ноҳияро аз кор ронд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз раисони ду ноҳияро аз мақомҳояшон сабукдӯш кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, Шодӣ Мӯсоев, раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва Лутфулло Муҳиддинов, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд бинобар қонуншиканиҳо дар тақсими замин дар ҷаласаи ҳукумат аз мақомҳояшон сабукдӯш карда шуданд. Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, дар ҳарду ноҳия мавориди зиёди тақсими ғайриқонунии замин ва сохтмонҳои худсарона ошкор карда ва парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG