Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 15 "ваҳҳобӣ" дар ҷануби Сербистон


Мақомоти пулис мегӯянд, 15 нафарро бо иттиҳоми пайравӣ ба ҷараёни тундрави ваҳҳобия дар ҷануби Сербистон боздошт карданд. Боздоштҳо дар минтақаи Санчак ба думболи тирандозии Мавлуд Ясаревич, ба сафоратхонаи Амрико дар Босния сурат мегирад, ки он мард аз ҷануби умдатан мусулмоннишини Сербистон будааст. Пулис ҳамлаи рӯзи ҷумъаро амали террористӣ хонд ва гуфт, ки ҳамлаварро маҷрӯҳ кардааст. Дар ин ҳамла касе аз кормандони сафоратхона осеб надидаанд. Мақомоти Сербистон мегӯянд, Мавлуд Ясаревич, пайрави ҷараёни ифротии ваҳҳобия аст, аз Арабистони Саудӣ реша гирифтааст ва бо гурӯҳҳои ифротгаро дар Афғонистону Покистон робита дорад.
XS
SM
MD
LG