Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико мегӯяд, амният дар Афғонистон беҳбуд ёфтааст


Вазорати дифоъи Амрико дар як гузориши худ гуфт, ҳамлаҳои ҷангҷӯёни Толиб дар бисёре аз гӯшаҳои Афғонистон коҳиш ёфтааст. Дар ин гузориш ба конгресси Амрико омадааст, афзоиши теъдоди нерӯҳои Амрико ва шариконаш дар Афғонистон, роҳро барои пешрафт дар таъмини амният дар ҷануб ва дигар бахшҳои Афғонистон ҳамвор кард ва Толибон натавонистаанд, сангарҳои пешини худ дар вилоятҳои Ҳилманд ва Қандаҳорро пас бигиранд. Дар гузориши вазорати дифоъи Амрико, вазъ аз моҳи апрел то 30-уми сентябр тасвир шудааст ва дар он гуфта мешавад, дар моҳи сентябри имсол 2500 ҳамлаи душман сабт шудааст, ки назар ба моҳи сентябри соли гузашта 1500 ҳамла камтар аст. Айни замон муаллифони гузориш гуфтаанд, тақвияти Толибон дар Покистон ва костагиҳои ҳукумати Афғонистон таҳдиде барои ин пешрафтҳо маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG