Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон фардо интихобот дорад


Дар Қирғизистон як рӯз пеш аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ имрӯз маъракаи тарғиботии номзадҳо хотима ёфт, ки нахустин интихобот баъди инқилоб ва ҳам низоъҳои хунини қавмии соли гузашта дар ин кишвар аст. Дар сурати баргузории муваффақ, Қирғизистон бори аввал дар таърихи 20-солаи истиқлоли хеш шоҳиди гузариши ороми қудрат ба дасти дигар хоҳад шуд. Номзадҳои аслӣ дар интихоботи рӯзи якшанбе, Алмосбек Отамбоев, нахуствазири феълӣ, Қамчибек Тошиев, раиси Ҳизби Отаҷурт ва Адахон Мадумаров, раиси собиқи порлумони Қирғизистон аст. Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури феълӣ, ки қиёми мардумии соли 2010 алайҳи Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешинро раҳбарӣ карда буд, дар интихобот ширкат намекунад.
XS
SM
MD
LG