Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даргирие дар Сурия 17 сарбозро куштанд


Мудофеъони ҳуқуқ дар Сурия мегӯяд, дар даргирие миёни сарбозон ва фирориёни артиш дар шаҳри ноороми Ҳумс дасти кам 17 сарбоз кушта шудаанд. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, қароргоҳаш дар Ландан гуфт, афроди мусаллаҳ, ки бовар меравад, фирориён аз артиш будаанд, бо ҳамла ба ду посгоҳи низомиён дар шоми ҷумъа 17 нафари онҳоро куштанд. Ба гуфтаи ин созмон, ҳамчунин дар ҷараёни ин даргирӣ дар ноҳияи Боб ал-Сибоъи Ҳумс як афсар бо даҳҳо сарбозаш ба шӯришиёни Сурия пайвастаанд. Бино ба гузоришҳо, теъдоди сарбозоне, ки ба нишони эътироз аз амалкарди бераҳмонаи артиш нисбат ба тазоҳургарони зиддидавлатӣ фирор мекунанд, бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG