Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даҳҳо кушта" дар эътирозҳои рӯзи ҷумъаи Сурия


Фаълони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, рӯзи ҷумъа нерӯҳои амниятии ин кишвар дастикам 40 эътирозгарро куштаанд.

Ба гуфтаи ин фаъолон, саркӯби нерӯҳои амниятӣ ҳамзамон бо хости эҷоди минтақаи парвози мамнӯъ аз сӯи муътаризон будааст.

Ба гуфтаи Дидбони ҳуқуи башари Сурия, ба ғайр аз як нафар, ҳама кушташудагон аз шаҳрҳои Ҳамо ва Ҳимс будаанд. Ин гузориш меафзояд, нерӯҳои амниятӣ дар ин шаҳрҳо масоҷидро ба муҳосира даровардаанд, то монеъи рафтани муътаризон ба хиёбонҳо бишаванд.

СММ баровард кардааст, ки аз оғози эътирозҳо дар Сурия се ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Бино ба эъломи Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Лондон мустақар аст ва ҳамчунон Кумитаи ҳамоҳангии дохилӣ, талафоти рӯз ҷумъа дастикам 29 нафар ва ҳади аксар 40 нафар аст.

Ба гуфтаи Ромӣ Абдураҳмон, раиси Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, дар шаҳри Ҳимс нерӯҳои амниятӣ ҳангоми таъқиби муътаризон, ба сӯи онҳо оташ кушодаанд.

Абдураҳмон меафзояд, дар шаҳри Ҳимо даргириҳои сангине миёни артиш ва афроди мусаллаҳе, ки гумон меравад, аз ҷудошудагони артиш бошанд, дар ҷараён будааст.

Аз онҷо, ки дастрасии хабарнигорони хориҷӣ ба Сурия бисёр маҳдуд аст, бештари иттилоот ва омору арқом, аз видоеоҳо ва ахбори мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои фаъоли суриягии наздик ба мухолифон аст.

Бар пояи гузориши гурӯҳҳои мухолиф, рӯзи ҷумъа бисёре аз муътаризон фарёд мекашиданд, ки хостори барқарории минтақаи парвози мамнуъ бар фарози Сурия ҳастанд.

Башшор Асад аз ҳамон оғози эътирозҳо «тавтеаи хориҷӣ»-ро омили нооромиҳои Сурия хонда ва ваъдаҳои ӯ барои анҷоми ислоҳот, натавонист мӯътаризонро қонеъ кунад.
XS
SM
MD
LG