Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба сафорати ИМА дар Сараево


Як марди мусаллаҳ бо силоҳи автоматӣ ба ҷониби сохтмони сафорати Амрико дар Сараево тир холӣ кард. Полис ҳоло дар маҳалли ҳодиса аст ва тибқи иттилои бахши балкании радоии озодӣ ҳамлагар маҷрӯҳ шуд. Гузоришҳои дигар ҳокист, ки ҳамлагар кушта шудааст. Дар нақли қавл аз як духтур Боқир Накас, бахши балкании радиои Озодӣ мегӯяд, ки яке аз муҳофизони сафорат ба касалхона оварда шуд:

“Баъди нисфирӯзии рӯзи ҷумъа мо як муштариро қабул кардем, ки муҳофизи саофрати Амрико будааст. Вай аз ҳардуи пояш маҷрӯҳ шудааст. Вай бояд ҷарроҳӣ шавад, вале ин ҷароҳатҳо ба ҳаёташ таҳдид намекунад”.


Шоҳидон мегӯянд, ки ҳамлагар тақрибан 10 дақиқа тирпаронӣ кард. Сафоратхона дар як маҳаллаи шулуғи Сараево ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG