Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Талко" иддаои парлумонро рад кард


Ширкати алюминии "Талко" рӯзи 28-уми октябр бо пахши як баёния иддаоҳо дар мавриди қарздор будани ин ширкат аз давлатро такзиб кардааст. Дар баёнияи ин ширкат омадааст, ки «Талко» ҳама гуна андоз ва молиёти худро то авоили моҳи октябри соли ҷорӣ ба таври пурра пардохтааст. Ин дар ҳолест, ки парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи худ рӯзи 25-уми октябр эълом карда буд, ки "Талко" молиёти худро напардохтааст ва аз давлат қарздор аст. "Талко" бузуртарин ширкати саноатӣ дар Тоҷикистон буда дар атрофи фаъолияти он баҳсҳое дар ҷомеа вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG