Пайвандҳои дастрасӣ

Белорус имкони кори шаҳрвандони Тоҷикистонро дар қаламраваш фароҳам меорад


Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои Белорусиаш Александр Лукашенко дар шаҳри Душанбе бо имзои ҳафт созишномаи байниҳукуматӣ ба анҷом раид. Муҳимтарин санадҳое, ки дар ин миён ба даст омаданд, созишнома дар бораи фаъолияти мувақатии меҳантӣ ё кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Белорусия ва ҳамчунин шаҳрвандони Белорусия дар Тоҷикистон унвон дорад. Ҳамчунин созишнома дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи дарозмуддат барои солҳои 2011-2015 мебошад. Дигар санадҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши иқтисод, фарҳанг, ҳолатҳои изтирорӣ, варзиш ва саёҳиро дар бар мегирад. Ба қавли дафтари матбуоти прзиденти Тоҷикистон бахши аъзами мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко паси дарҳои баста сурат гирифт ва дар нишасти хабарӣ ҳам ду раисҷумҳур бо ироаи изҳороти муштарак кифоят намуданд.
XS
SM
MD
LG