Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо пирӯзии исломиҳоро дар Тунис ситоиш кард


Иттиҳодияи Аврупо имрӯз ҳизби исломии “Наҳзат”-ро бо пирӯзиаш дар интихоботи Тунис табрик гуфт. Раҳбари сиёсати хориҷӣ Кетрин Эштон ва раиси комиссиюни тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо Стефан Фюле дар як изҳороти муштарак ваъдаи кӯмак ба Тунисро карданд. Бар тибқи натиҷаҳои интихобот, 41 дар сади курсиҳои маҷлиси муассисони ин кишвар, ки бояд акнун аз паи эҷоди сарқонуни нав ва таъини ҳукумати муваққати Тунис шавад, дар ихтиёри ҳизби исломии “Наҳзат” мебошад. Вале пирӯзии ин ҳизб рӯзи ҷумъа дар шаҳри Саиди Бузид, маҳалли оғози инқилоби моҳи январи имсол, ки ба барканор шудани қудрати Зайнулобиддини Беналӣ сабаб шуд, нооромиҳоро ба миён овард.
XS
SM
MD
LG