Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти додгоҳи байналмилалӣ бо Сайфулислом Қаззофӣ


Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ мегӯяд, ки дар як тамоси ғайрирасмӣ бо писари Қаззофӣ – Сайфулислом қарор дошта, шароити таслимшавии эҳтимолии ӯро баррасӣ мекунад. Додситон Луӣ Морено-Окампо дар изҳороте гуфт, ки тавассути “миёнҷиҳо бо Сайфулислом робита барқарор карда барояш рӯшан гуфта шудааст, ки дар сурати таслимшавии ихтиёрии ӯ, ҳақи ӯ барои додани баёнот дар додгоҳ эҳтиром шуда, то замони гунаҳгор дониста шудани ӯ, чун як шахси бегуноҳ муҳокима хоҳад шуд. Додгоҳ хулосаҳои худро хоҳад гуфт”. Бовар меравад, ки баъди боздошт ва кушта шудани Муаммар Қаззофӣ писари ӯ ба марзҳои ҷанубии Либия фирор карда ҳоло дар Нигер ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG