Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти НАТО дар Либия "бомуваффақият" анҷом шуд


Раҳбари ҳайати НАТО мегӯяд, ки рисолати низомии ин паймон дар Либия рӯзи 31 октябр ба анҷом мерасад. Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен имрӯз гуфт, ки “вазифаи низомии мо ҳоло ба анҷом расид” ва нишасти сафирони НАТО дар Брюссел таъйид кард, ки қароре дар ин замина ҳафтае пеш гирифта шуд. Дар як навори видеоӣ Расмуссен гуфт, ки натиҷаи амалиёти низомӣ муваффақиятомез будааст:

“Амалиёти “Ҳомии муттаҳида” яке аз комёбиҳои бузургест дар таърихи НАТО. Мо ин амалиёти мукаммалро хеле зуд, дар муқоиса бо дигар вақтҳо роҳандозӣ кардем. Мо онро бо роҳи муассир, тағйирпазир ва бо ширкати бисёр шариконамон дар минтақа иҷро кардем. Мо онро бо шеваи хуб идорашванда баргузор кардем, аз ин рӯ ҳоло кор анҷом шудааст”.

НАТО ҳоло бояд бигӯяд, ки оё ба дархости ҳукумати нави Либия ба хотири кӯмак дар таъмини амнияти марзҳо ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳузури давомдоре хоҳад дошт ё на. Рӯзи панҷшанбе дар як раъйдиҳӣ Шӯрои амнияти СММ дар заминаи хатми рисолати НАТО дар Либия раъйдиҳие баргузор кард.
XS
SM
MD
LG