Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳ.Клинтон: "Кор бо шарикони афғон ва покистонӣ на ҳамеша осон аст"


Ҳилларӣ Клинтон ҳини суханронӣ дар Кумитаи равобити хориҷии Конгресси Амрико

Ҳилларӣ Клинтон ҳини суханронӣ дар Кумитаи равобити хориҷии Конгресси Амрико

Ҳилларӣ Клинтон гуфт, зимни сафараш ба Покистон аз давлати ин кишвар хостааст, то шабакаи Ҳаққониро нобуд кунад.

Аммо дар айни сӯҳбати хонум Клинтон дар ҳузури вакилони Кумитаи бонуфузи умури хориҷии конгреси Амрико, як фармондеҳи нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон, гуфт, нерӯҳои Покистон худро ба нодонӣ мезананд ва иҷоза медиҳанд, то ситезаҷӯён ба сарбозони Амрико ҳамла кунанд.

Ҳилларӣ Клинтон ба вакилони Конргесс гуфт, дар сафараш ба Исломобод дар робита ба гурӯҳи Ҳаққонӣ паёми воҳиде ба раҳбарони Покистон расонидаанд: "Дар ҳафтаи гузашта дар Исломобод, ман, Мартин Демсӣ, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳ, Дейвид Петреус, мудири Хадамоти истихборотии Амрико ҳама паёми воҳидеро ба раҳбарони мулкиву низомии Покистон расондем, ки онҳо бояд барои кашидани ҷилави шабакаи Ҳаққонӣ дар ҳарду тарафи марз бо мо якҷо шаванд ва паноҳгоҳҳои онҳоро нобуд кунанд. “

Хонум Клинтон, дар гузориш ба кумитаи равобити хориҷии конгресс сафари ахираш ба Покистону Афғонистонро барои амнияти миллии Амрико дар минтақа “босамар” хонд. Равобити Иёлоти Муттаҳида бо Покистон баъди қатли Усома бин Лодин дар ҳошияи шаҳри Исломобод дар амалиёти нерӯҳои вижаи Амрико тира шуд. Баъди он, як силсила ҷанҷолҳои дипломатӣ, ин равобитро бадтар кард.

"КОР БО ШАРИКОНИ АФҒОНУ ПОКИСТОНӢ НА ҲАМЕША ОСОН АСТ"

Ҳилларӣ Клинтон натиҷаҳои мулоқотҳояш дар Кобул ва Исломободро мусбат хонд ва гуфт, Амрико дар расидан ба ҳадафаш, яъне таъмини субот дар Афғонистон ба пешрафт ноил шудааст, аммо дар ин замина ба кӯмаки ҳарду кишвар ниёз дорад: “Онгуна, ки раиси ҷумҳур Барак Обама гуфтааст, мо аҳдҳои худро иҷро мекунем ва дар роҳи расидан ба аҳдофи худ ба пешрафт ноил шудаем. Мо набояд корро суст кунем, балки бо истифода фурсат, пешрафти бештар кунем. Ман нахустин касе ҳастам, ки эътироф мекунам, кор бо шарикони афғону покистонии мо на ҳамеша осон аст. Аммо ин мушорикат, ба нафъи манофеи амнияти миллии мост ва раҳо кардани он ду кишвар ин манофеъро ба хатар меандозад. “

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, дигарбора аз давлати Покистон хост, паноҳгоҳҳои шабакаи Ҳаққониро, ки пайваста ба нерӯҳои НАТО ва Афғонистон ҳамла мекунад, аз байн бубарад. Хонум Клинтон ба вакилони конресс гуфт, ба раҳбарони Покистон возеҳ кардааст, ки набояд террористонро ба хубу бад ҷудо кунанд, зеро ин кори хатарнок ва ба зиёни худашон аст.

Аммо теъдоде аз вакилони Амрико аз ҷумла Иллиана Рос Леҳтинен, раиси кумитаи равобити хориҷии конгресс аз рафтори давлати Покистон ибрози нигаронӣ карданд. Хонум Леҳтинен гуфт, "дар ҳоле, ки Покистон сиёсати душманонаро алайҳи манофеи Амрико пеш гирифта ва ҳаёти амрикоиҳоро ба хатар меандозад, Амрико наметавонад, мушорикат бо онро идома диҳад.”

ГЕНЕРАЛИ АМРИКОӢ БА ПОКИСТОНИҲО БОВАР НАДОРАД

Бо онки хонум Клинтон мехост, аъзои конгрессро мутмаин кунад, ки Покистон шарики боэътимоди Амрико дар ҷанг алайҳи террор аст, айни замон генерали амрикоӣ, муовини фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон гуфт, Исломобод ба ситезаҷӯён дар қаламраваш иҷоза медиҳад, ба нерӯҳои Амрико дар Афғонистон ҳамла кунанд.

Куртис Скапароттӣ гуфт, ҳамлаҳои мушакӣ ва хунпораандоз аз қаламрави Покистон ба нерӯҳои афғону амрикоӣ дар пеши чашми низомиёни Покистон сурат мегирад, ки ё бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд ва ё ҳадди аққал худро ба нодонӣ мезананд.

Хонум Клинтон гуфт, як мақоми расмии Амрико ҳафтаи гузашта ба давлати Покистон гуфтааст, агар ин кишвар барои маҳви ситезаҷӯёне, ки нерӯҳои амрикоиро мекушанд, иқдом накунад, Иёлоти Муттаҳида худаш якҷониба даст ба кор хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG