Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҳам ба интихоботи Қирғизистон омодагӣ мебинанд


Хабаргузории “Азия-Плюс” мегӯяд, ки бино ба иттилои сафорати Қирғизистон дар Душанбе, дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар аз Тоҷикистон рӯзи якшанбе ҳудудан 100 шаҳрванди ин кишвар иштирок хоҳанд кард. Ин шумор шаҳрвандони Қирғизистон аз ҳисоби кормандони сафоратхонаву аҳли хонаводаи онҳо, донишҷӯёни муҳассили донишгоҳҳои Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони ин кишвар, ки дар рӯзи интихоботи дар Тоҷикистон мешаванд, дар раъйгирӣ ширкат хоҳанд кард.


Бино ба хабари дигар, аз Тоҷикистон қарор аст ҳайати вакилони парлумони кишвар барои назорат аз интихоботи президентии кишвари ҳамсоя ба Бишкек сафар мекунанд. Қарор аст, онҳо ба сафи садҳо нозирони байналмилалии интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон ҳамроҳ шаванд, ки ба намояндагӣ аз 56 давлат ва 47 созмони байналмилалӣ он рӯз дар Қирғизистон хоҳанд буд.


Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон рӯзи 30 октябр 16 номзад шонси бурдани курсии президентиро имтиҳон хоҳанд кард. Пешгӯӣ мешавад, ки рақобати аслӣ миёни се номзад – нахуствазир Алмосбек Отамбоев, депутат Қамчибек Тошиев ва мақоми пешини амниятии даврони раёсатҷумҳурии Боқиев – Адахон Мадумаров гарм хоҳад шуд. Дар раъйгирӣ 3,6 миллион аҳолии Қирғизистон ҳақи ширкатро пайдо мекунанд.
XS
SM
MD
LG