Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон намуна барои кишварҳои минтақа?


Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон

Наздик ба 80 дарсади райдиҳандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон ширкат мекунанд.

Аммо ин интихобот, ки баъди ду инқилоби мардумии солҳои 2005 ва 2010 доир мешавад, аз интихоботҳои қаблӣ ҳам дар ин кишвар ва ҳам дар бақия кишварҳои Осиёи Марказӣ тафовут дорад.

Гуфта мешавад интихоботи президентӣ дар ин кишвар нисбатан шаффоф ва демократӣ сурат мегирад, вале таъсири хориҷӣ ба хусус таъсири Русия ба натоиҷи онро коршиносон таъйид мекунанд.

Муҳимтарин фарқияти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон ин аст, ки он дар шароити барои минтақа нави идорӣ, яъне низоми парлумонӣ баргузор хоҳад мешавад.

Бо вуҷуди баҳсҳои тафсону рақобатҳои шадиди маъракаи интихоботӣ, раиси ҷумҳурии нави Қирғизистон ба фарқ аз руасои ҷамоҳири Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистону Қазоқистон аз салоҳият ва ихтиёроти густарда бархурдор нест. Зеро дар низоми идории ин давлат, парлумон мақоми болотарро ишғол карда ва ҳокимияти қонунгузор аст, ки ҳарфи асосиро мезанад.

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

Ба ин далел бархе аз коршиносон ва сиёсатмадорон аз ҷумла Раҳматулло Зоиров-раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон мӯътақиданд, ки роҳу тарзи интихобкардаи мардуми қирғиз барои идораи давлат муносибтарин роҳ барои кишварҳоест, ки дар онҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳадди зарурӣ ташаккул наёфта, балки нақши авлоду қабилаву маҳал ҳамоно асосӣ ба шумор меравад.

Аз сӯи дигар фарқияти дигари интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон аз бақия кишварҳои ОМ дар он аст, ки ин маъракаи сиёсӣ дар воқеъ пуршиддат ва бо ширкати рақибони сазовору ҳамвазн доир мешавад. Аз ин рӯ на танҳо омилони дохилӣ, балки таъсири хориҷӣ низ нақши андак надорад. Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки новобаста аз пуштибонии мардумӣ, дастгирии хориҷӣ ва бахусус дастгирии Русия заминаро барои пирӯзии довталаби курсии президентии Қирғизистон муайян мекунад.

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров-муовини мудири Маркази тақдиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, таъсири бархе аз кишварҳо аз ҷумла Русия дар натиҷаи интихоботи Қирғизистон бисёр ҳам эҳсосшаванда мебошад.

Як тафовути дигари интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон дар он аст, ки истифода аз захоири маъмурӣ аз тарафи номзадҳо ғайримумкин аст. Зеро ба гуфтаи Рустам Ҳайдаров-коршиноси дигари тоҷик, ҷараёни онро гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ зери мушоҳидаи ҷиддӣ қарор медиҳанд.

Ба ин тартиб бештари коршиносон ва таҳлилгарон наҳваи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистонро як намуна ва таҷрибаи беҳтар барои бақия кишварҳои минтақа меҳисобанд. Зеро ба ақидаи ин коршиносон, дар баргузории он меъёрҳои демократия бештар риоят мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG