Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати хориҷаи Эстония ба сарнавишти халабони дар Тоҷикистон боздоштшудааш расидагӣ мекунад


Дар мурофиаи додгоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа

Дар мурофиаи додгоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа

Вазорати хориҷаи Эстония ба сарнавишти халабони боздоштшуда дар Тоҷикистон расидагӣ мекунад. Дар хабари “Азия-Плюс” омадааст, ки сарнавишти Алексей Руденко, ки дар боздоштгоҳи Қӯрғонтеппа ҳамроҳ бо халабони дигари рус Владимир Садовничий нигаҳдорӣ ва дар убури ғайриқонунии марз, вайрон кардани қоидаи парвозҳои байналмилалӣ ва қочоқ айбдор мешавад, баъди муроҷиати хешовандони халабон дар Эстония мавриди баррасии вазорати хориҷаи Эстония ва ҳамкорони онҳо дар Тоҷикистон қарор гирифт. Дар як муроҷиати вазорати хориҷаи Эстония аз сафорати Олмон дар Душанбе хоҳиш шудааст, ки ба зудтарин фурсат бо боздоштшуда мулоқот кунанду ӯро бо вакили дифоъ таъмин кунанд. Дар сурати исбот шудани гуноҳҳои Руденко ва Садовничий ба онҳо 13 соли зиндон таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG