Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Сахаров роҳии кишварҳои арабӣ шуд


Ҷоизаи Сахаров барои озодии ақида ва афкор дар соли 2011, ба 5 намоянда аз кишварҳои арабӣ супурда мешавад.

Раиси парлумони Аврупо бо эъломи назари ин парлумон барои додани ҷоизаи Сахаров гуфт, ки дар феҳристи ниҳоӣ, ду рӯзноманигори фаъол аз Белорус ва Колумбия ҳам дар назар гирифта шуда буданд, вале дар ниҳоят, ҷоиза ба панҷ намояндаи кишварҳои арабӣ тааалуқ мегирад.

Раиси парлумони Аврупо дар баёнияи худ эълом кард, ҷоизаи Сахаров имсол роҳии кишварҳои арабӣ мешавад, зеро баргузидагони ин ҷоиза сумбулу намод ва нишонаи ҳаракат барои демократия, озодии баёну озодии афкору андеша ҳастанд, ки аз ҳуқуқи асосӣ ва аслии башар аст.

Маҳмуд Буазизӣ, ҷавони тунисӣ, ки дар ҳафдаҳуми сентябри соли 2010 дар эътироз ба амалкардҳои ҳукумат худро ба оташ кашид ва боиси ҳаракати эътирозии мардум то расидан ба суқути ҳокимияти ин кишвар шуд, дар миёни барандагони ин ҷоиза муъаррифӣ шудааст.

Асмо Маҳфуз, аз поягузорони ҷунбиши ҷавонони Миср ҳам аз дигар барандагониин ҷоиза аст. Хонум Маҳфуз дар 18 январи соли ҷорӣ паёми видеоие сабт кард ва дар шабакаи Ютюб мунташир кард, ки боис шуд мардум ба ҳаракат омада ба майдони Таҳрир биоянд. Ҳаракате, ки он қадар идома ёфт то ин, ки Ҳуснӣ Муборак маҷбур ба канорагирӣ аз қудрат шуд.

Аҳмад Зубайр Аҳмад Оли Санусӣ, аз қадимтарин зиндониёни сиёсии Либия, ки 77 сол умр дорад, яке аз дигар барандагони ҷоизаи Сахарови имсол аст. Вай дар соли 1980 ба иттиҳоми «талош бароин сарнагунии ҳокимияти Муаммар Қаззофӣ" ба зиндон афтод ва 31 солро да зиндон гузаронд. Вай чаҳор сол бештар аз Нелсон Мандело, раҳбари фаъолони сиёсии Африқои Ҷанубӣ дар зиндон сипарӣ кард.

Розон Зайтуна, яке аз поягузорони кумитаи эътирози мардуми Сурия ҳам дар феҳрист барандагони имсол муаррифӣ шудааст. Кумитаи хонум Зайтуна, ҳамоҳангии эътирозҳои мардумӣ алайҳи ҳокимияти Башшор Асадро ҳидоят мекунад.

Алӣ Фарзод, карикатуристи аҳли Сурия ҳам аз барандагони ҷоизаи Сахарови имсол аст. Оқои Фарзод беш аз 15 ҳазор карикатура дар расонаҳои Сурия, дигар кишварҳои арабӣ ва расонаҳои байналмилалӣ мунташир кардааст.

Ҷоиза Сахаров ба таври расмӣ рӯзи 14 декабри ба барандагон супурда мешавад.

Ҷоизаи Сахаров барои озодии андеша ва афкор, ки ба ифтихори донишманди норозӣ ва дигарандеши Иттиҳоди Шӯравии собиқ Андрей Сахаров номгузорӣ шуда 50 ҳазор евро подоши нақдӣ аст. Ин ҷоиза солона ба афрод ва ниҳоду созмонҳое, ки дар роҳи озодии андеша ва ақоиду афкор ва инчунин дар роҳи беҳбуди демократия ва ҳуқуқи башар талош карда бошанд, супурда мешавад. Пештар фаъолон ва намояндагоне аз Русия, Белорус, Судон ва Чин ҷоизаи Сахаровро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG