Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори бераҳмонаи духтар падарро ба мӯҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард


Хабаргузории «Азия-Плюс» гузориш медиҳад, ки як сокини вилояти Суғд барои қатли бераҳмонаи духтари наврасаш ба мӯҳлати 18,5 соли зиндон маҳкум шуд. Дар хабар аз қавли як додситони вилояти Суғд гуфта мешавад, ки як сокини ноҳияи Ғончӣ духтари 15-солаашро дар бераҳагӣ муттаҳам карда, ӯро бо теғи табар ва қайчӣ дар пеши чашми ҳамсараш ба ҳалокат расондааст. Султон Саидовро, ки барои ғоратгарӣ дар зиндон ба сар бурдааст, тобистони имсол озод карданд. Дар ҳангоми содир шудани ҷинояти вазнин ӯ бо корҳои муваққат рӯз мегузаронд, менависад хабаргузории «Азия-Плюс».
XS
SM
MD
LG