Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониҳои зилзилаи Туркия афзоиш меёбад


Мақомот мегӯянд, ки шумори қурбониҳои зилзилаи Туркия ба 570 нафар баробар шуд. Маркази бӯҳроншиносии ҳукумат мегӯяд, ки дар зилзилаи ба шиддати 7,2 дараҷаи Риҳтер 2555 нафар маҷрӯҳ шуданд. Зилзилаи рӯзи душанбе, ки марказаш вилояти шарқии Вон будааст, яке аз пурқурбонитарин офатҳои табии солҳои охир дар Туркия гуфта мешавад. Амалиёти наҷоти одамон ҳамоно идома доранд ва то имрӯз 187 нафар зинда аз зери овор берун кашида шуданд. Аз ҷумла, рӯзи ҷумъа як писарбачаи 13-сола баъди 108 соат аз зери харобаҳои хонаҳо зинда берун кашида шуд.
XS
SM
MD
LG