Пайвандҳои дастрасӣ

Дар интихоботи Тунис ҳизби исломӣ пирӯз шуд


Мақомоти интихоботии Тунис пирӯзии ҳизби исломии «Наҳзат»-ро таъйид карда гуфтанд, ки ин ҳизб дар интихоботи нахустин баъди барканории режими Занулобиддини Беналӣ ба бурдани курсиҳои бештари маҷлис муваффақ шуд. Аз 217 курсии маҷлис «Наҳзат» 90 ҷоро ба худ ихтисос дод. Дар мақоми дуюм бо 30 курсии маҷлис ҳизби чапгарои Анҷумани ҷумҳурӣ ва дар мақоми сеюм бо 21 овоз ҳизби «Такаттул» ҷо гирифтанд. Дар мақоми чаҳоруми раъйгирӣ муштаракан ҳизби пешрафти демократӣ, нирӯи таърихан азимтарини мухолифин ва ҳизби Ал-Арида қарор гирифтанд, ки ба бурдани 19 курсии маҷлис муваффақ шуданд. Ҳоло маҷлиси тозатаъсисшудаи Тунис, ки онро маҷлиси муассисон ҳам мегӯянд, бояд дар давоми як соли оянда матни сарқонуни нави кишварро навишта кунад.
XS
SM
MD
LG