Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саркозӣ гуфт, ки қабули Юнон ба минтақаи таҳти нуфузи Евро иштибоҳ буд


Раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ гуфт, ки роҳ додани Юнон ба минтақаи таҳти нуфузи Евро дар соли 2001 як иштибоҳ буд. Дар мусоҳибаи телевизионӣ Саркозӣ гуфт, ки ин кишвар он замон бо нишондодҳои ғайривоқеии иқтисодӣ вориди минтақаи Евро шуд. Вале, афзуд ӯ, ба шарофати барномаи қабулшудаи Иттиҳодияи Аврупо, ки наҷоти вазъи молии Юнонро дар назар мегирад, вазъи ин кишвар беҳтар хоҳад шуд. Барномаи қабулшуда бахшиши 50 дар сади қарзҳои Юнонро бо арзиши 100 миллиард евро дар назар мегирад.


Дар ҳамин ҳол, дар як изҳороташ вазири молияи Юнон Эвангелос Венизелос гуфт, ки ҳоло кишвараш имконияти хуби зинда кардани иқтисодро аз даст надиҳад:

“Мо бояд ислоҳоти сохториро идома дода ба иҷрои бандҳои ёддошт ва барнома шурӯъ кунем. Бояд гӯям, ки ҳоло мо аз як ҳолати беҳтар корро шурӯъ хоҳем кард”.

Бозорҳои молии аврупоӣ ба созиши ҳосилшуда вокуниши мусбат нишон дода, назар на нишондодҳои 12 ҳафтаи пеш болотар рафтанд. Қимати евро низ дар муқобили доллар боло рафтааст.
XS
SM
MD
LG