Пайвандҳои дастрасӣ

Чин омода аст дар Иттиҳодияи Аврупо сармоягузорӣ кунад


Як мушовири аршад ба рӯзномаи "Financial Times"-чопи Лондон гуфтааст, ки Чин омода аст ба сандуқи наҷоти молии Иттиҳодияи Аврупо пул диҳад, агар раҳбарони Аврупо Чинро муттақоид созанд, ки сармоягузорӣ замонат дорад. Як сарчашмаи дигар ба ин рӯзнома гуфтааст, ки имкон дорад ин маблағ 100 миллиард долларро ташкил диҳад. Рӯзнома навиштааст, Чин мехоҳад замонат дошта бошад, ки кишварҳои дигар низ дар ин кор саҳм хоҳанд гирифт. Барои ин кор Чин гуфтааст, ки бояд раҳбарони Аврупо аз интиқоди Чин дар бораи сиёсати мубодилаи пулаш интиқод накунанд.
XS
SM
MD
LG