Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валиаҳди нави Арабистони Саудӣ муаррифӣ шуд


Телевизиони Арабистони Саудӣ гуфт, ин кишвар номи валиаҳди навро эълон кардааст. Наиф бин Абдулазиз ал Сауд-вазири корҳои дохилии Саудӣ баъд аз даргузашти валиаҳди пешин дар ҳафтаи пеш барои ишғоли курсии шоҳ номзад шуд. Тиби муқарарроти низоми шоҳигарӣ дар Саудӣ дар сурати даргузашти шоҳ валиаҳд ҷои вайро мегирад. Ҳоло шоҳ Абдулло 89 сол дорад. Дар як соли ахир вай се бор ҷарроҳӣ шудааст. Валиаҳди нав Наиф 78 сола аст. Вай ҳамчунон мақоми вазири корҳои дохилиро ҳифз хоҳад кард. Султон-валиаҳди пешин як ҳафта пеш дар Вошингтон аз бемории саратон даргузашт.
XS
SM
MD
LG