Дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон додгоҳи яке аз раҳбарони ҷамъияти узбакҳои ҷануби ин кишвар ва ҳамроҳони вай ба поён расид. Қодирҷон Батиров-раҳбари фирории ҷамъияти узбакҳо ва 5 нафари дигар аз ҳамроҳони вай барои ҷудоиандозии қавмӣ, ташвиқи миллатситезӣ ва ташкили даргириҳо миёни қавмҳои узбаку қирғииз дар моҳи июни соли 2010 дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод гунаҳгор дониста шуданд. Моҳи сентябри соли 2010 Батиров навореро дар YouTube ҷой дода буд ва гуфта буд, ки вай гуноҳе надорад. Ҳамаи ин шаш нафарро додгоҳи Ҷалолобод дар ғиёбашон маҳкум ба зиндон кард. Додситонӣ хостааст, ки Батиров ва Инъом Абдурасулов ба ҳукми абад ва 4 нафари дигар ба 20 соли зиндон маҳкум шаванд. Тоҷир Батиров дар гузашта намояндаи порлмон буд ва ташкилкунандаи донишгоҳи Дӯстии Халқҳо дар Ҷалолобод аст.