Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи тундравҳо ба пойгоҳи ғайринизомӣ дар Қандаҳор


Полиси Афғонистон мегӯяд, тундравҳои Толиб, ки бо аслиҳаву маводи мунфаҷира мусаллаҳ будаанд, дар шаҳри Қандаҳор ба як бинои ғайринизомӣ ҳамла бурдаанд, ки корҳои таъмиру бозсозии он зери назари НАТО идома дорад. Полис мегӯяд, се ё чаҳор тундрав ба сӯи гурӯҳи бозсозони вилоятӣ оташ кушодаанд. Қаблан дар ин маҳал садои чанд инфиҷор низ ба гӯш расидааст. Гурӯҳҳои бозсозӣ аз афроди низомӣ ва ғайринизомӣ иборатаад, ки барои таъмиру бозсозии биноҳо дар вилоятҳову шаҳрҳо ба кор сафарбар шудаанд. Сухангӯи полис мегӯяд, баъд аз чаҳор соати оғози тирандозӣ нируҳои амниятӣ вориди ин бинои сетабақа шудаанд ва ҳамлаваронро ба қатл расондаанд.
XS
SM
MD
LG