Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии ҳизби Наҳзат дар интихоботи Тунис таъйид шуд


Мақомоти интихоботии Тунис таъйид кардаанд, ки дар интихоботи сартосарии ин кишвар ҳизби исломӣ ва ислоҳталаби Наҳзат пирӯзӣ ба даст овардааст ва бештари курсиҳоро дар порламон соҳиб шудааст. Дар ин интихоботи озод, ки бори аввал дар Тунис баргузор шуд, ҳизби Наҳзат аз 217 курсии порламон 90 курсиро ба даст овардааст. Мақоми дуввумро бо 30 курсӣ ҳизби Конгресси Ҷумҳурихоҳ дар ихтиёр дорад. Инқилоби баҳори араб дар авоили соли ҷорӣ, яъне дар баҳор дар Тунис оғоз шуд ва кишварҳои дигари арабиро фаро гирифт. Акнун порламони нави ин кишвар Қонуни Асосии навро таҳия ва раиси ҷумҳуру ҳукумати давраи гузорро интихоб ва таин мекунад.
XS
SM
MD
LG