Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон рӯҳонии шинохтаро ҳадафи тир қарор доданд


Дар ҷумҳурии Доғистони Русия мардони мусаллаҳи номаълум яке аз раҳбарони рӯҳониро ҳадафи тир қарор додаанд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли вазорати корҳои дохилии Доғистон навиштааст, бино ба расидагиҳои муқадамотӣ, Сироҷуддин Хурикски дар деҳаи Селенӣ дар хонааш аз тарафи ду-се нафар ба қатл расонда шудааст. Хурикский шайхи шинохтаи маҳаллӣ буд ва чанд ҳазор пайрав дошт.
XS
SM
MD
LG