Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст


Тибқи маълумоти идораи ҳавошиносӣ имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст ва ҳарорати ҳаво нисбат ба як рӯзи пеш 7-8 дараҷа поинтар хоҳад буд.

Дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ҳарорати ҳаво рӯзона яксон 12-15, шабона 8-11 дараҷа гарм мешавад. Бориши борон шабона давом меёбад.

Дар Кӯлоб низ бориш дар назар дошта шудааст, вале ҳарорат 15-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Қурғонтеппа бориши доимӣ дар назар нест ва ҳаво мисли Кӯлӯб 15-18 дараҷа гарм аст.

Дар вилояти Бадахшон борон пешбинӣ шудааст. Рӯзона ҳаво 8-11, шабона 3-7 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG