Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти боз як нафар аз зери харобаҳои заминларза


Бо гузашти беш аз сад соат аз заминларза дар шарқи Туркия наҷотбахшон аз зери харобаҳо як ҷавонмардро берун карданд. Ӯ 186-умин нафаре шуд, ки бо кӯмаки гурӯҳи наҷотбахшӣ аз офати табиӣ ҷон ба салом бурд.

Ба иттилоъи расмӣ, дар заминларза 523 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1650 нафар осеб диданд.

Амалиёти ҷустуҷӯ бар асари борону барф айни ҳол ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.

Мақомоти Туркия алорағми изҳороти чанд рӯзи пешашон аз 30 кишвар, аз ҷумла, аз Исроил, ки бо он ихтилофи ҷиддии дипломатӣ дорад, хостори ёрмандӣ шудаанд. Имрӯз як ҳавопаймо бо кӯмаки башарӣ аз Исроил дар Туркия фуруд омад.

Дар минтақаи офати табиӣ барои мардуми бехонумоншуда хайма ва либоси гарм намерасад.
XS
SM
MD
LG