Пайвандҳои дастрасӣ

Мандати НАТО барои амалиёт дар Либия хатм мешавад


Имрӯз Шӯрои амнияти СММ якдилона дар бораи рӯзи 31 октябр хатм шудани мандати НАТО барои баргузории амалиёти низомӣ дар Либия раъй дод.

Бо қабули қатъномаи нав қатъномаи рақами 1973 аз эътибор соқит хоҳад шуд. Қатъномаи 1973 ба истифода аз нерӯи низомӣ ба хотири дифоъ аз мардуми осоишта Либия ва таъсиси ҳаримҳои мамнӯъ барои парвозҳо иҷоза дода буд.

Айни ҳол НАТО имкони кӯмаки нав ба мақомоти нави Либияро баррасӣ мекунад. Раҳбарони Шӯрои милли гузори Либия аз НАТО хостори кӯмак шуданд, зеро, ба гуфтаи онҳо, ҷонибдорони Қаззофӣ то ҳанӯз барои кишвар хатар доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG