Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ мавзӯъи таслими Сайфулислом, писари раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ ва собиқ раиси хадамоти кашфи Либия Абдулло Ас-Синуссиро , ки дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор мешаванд, баррасӣ мекунад.

Додгоҳи Ҳейг ё Гаага хостори тайиди мақомоти нави Либия дар бораи ризояти Сайфулислом барои таслим шуда, роҳҳои интиқоли ӯ ба Ҳейгро ҷустуҷӯ дорад.

Имрӯз Шӯрои милли гузори Либия изҳор намуд, Сайфулислом, ки дар биёбони ҷануби Либия панаҳ мебарад, хостори дар ихтиёраш гузоштани ҳавопаймо барои парвоз ба Ҳейг шудааст. Ӯ гуфтааст, ки барои дар назди ин додгоҳ ҳозир шудан омода аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG